Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вазорати тандурустӣ: “Истеҳсол ва содироти дору ва молҳои тиббӣ афзудааст”
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2025 ба маблағи 27,14 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкатҳои фарматсветӣ дору ва моддаи фаъоли биологӣ аз ҷумҳури содирот гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Манбаъ меафзояд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 71 корхона ба истеҳсоли 634 намуди дору ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 377 номгӯйро ташкил медиҳад, машғуланд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 корхона, 36 намуд ва 26 номгӯ зиёд мебошад.
Зикр мегардад, ки ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар соли 2025 зиёда аз 106,5 миллион ададро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 миллион зиёд мебошад.
Ҳамчунин, вазорат иттилоъ медиҳад, ки дар давоми соли гузашта 165 иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шуда, миқдори муассисаҳои фарматсевтӣ 3492 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 150 адад зиёд мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”