Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ду футболбози тоҷик корномаашонро дар Малайзия идома медиҳанд
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ду нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ва Шервонӣ Мабатшоев ба дастаи «Теренгану»-и Малайзия гузаштанд.
Гуфта мешавад, ки Эҳсони Панҷшанбе ва Шервонӣ Мабатшоев ба ҳайси футболбози озод ба бошгоҳи «Теренгану» ҳамроҳ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Эҳсони Панҷшанбе дар мавсими гузашта дар дастаҳои «Суғдиёна»-и Ҷиззах ва «Истиқлол»-и Душанбе баромад карда буд. Шервонӣ Мабатшоев бошад, дар мавсими гузашта дар дастаҳои «Капаз»-и Озарбойҷон ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳунарнамоӣ намуда буд.
Бояд гуфт, ки Эҳсони Панҷшанбе аз соли 2016 дар мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, дар 67 вохӯрӣ 8 гол задааст. Шервонӣ Мабатшоев бошад, аз соли 2018 ба мунтахаби кишвар даъват гашта, дар 39 бозӣ 13 гол ба самар расондааст.
Тавре маълум аст, ҳоло бошгоҳи «Теренгану» дар Суперлигаи Малайзия ҷойи панҷумро ишғол мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”