Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Ҳабиб Нурмагомедов бо футболбозони “Манчестер Сити” мулоқот кард
Собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов бо футболбозони бошгоҳи “Манчестер Сити” мулоқот ва суҳбат намуд.
Варзишгари доғистонӣ Ҳабиб Нурмагомедов дар саҳифаи инстаграмаш бо нашри аксу навор хабар дод, ки бо ҳайати футболбозони яке аз дастаҳои маъруфи Англия “Манчестер Сити” вохӯрӣ кард.
Азбаски вохӯрии онҳо дар тамрингоҳи бошгоҳи мазкур ташкил шудаву футболбозон бо либоси гулобӣ будаанд, Ҳабиб Нурмагомедов ба онҳо чунин гуфтааст: “Ман ба онҳо гуфтам, ки бо ин либосҳои гулобиатон шуморо ба варзишгоҳам роҳ намедиҳам. Онҳо хандиданд, вале ман шӯхӣ накардам”.
Ҳамчунин, дар ин сафар Ҳабиб Нурмагомедов бо ҳамлагари маъруф Эрлинг Ҳоланд ва ҳимоятгари ӯзбек Абдуқодир Ҳусанов суҳбати тӯлонӣ карда, аз онҳо пироҳане бо имзо гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки пироҳани имзодор дар музояда фурӯхташуда, маблағаш ба дастнигарон хайр карда мешавад.
Ҳамчунин, варзишгар дар инстаграм ба роҳбарияти бошгоҳи “Манчестер Сити” барои даъват ва меҳмондорӣ изҳори сипос кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад