27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
07.01.2026 10:49

18 довари тоҷик дар рӯйхати расмии Федератсияи байналмилалии футбол

Рӯйхати расмии доварон барои ҳакамии бозиҳои байналмилалӣ дар соли 2026 аз ҷониби  Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) нашр шуд, ки дар он 18 намояндаи кишвари мо шомил гардиданд.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар муқоиса бо соли гузашта квотаи доварон барои Тоҷикистон зиёд гардида, имсол 18 довар дар рӯйхати мазкур ҷой гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки дар рӯйхати Федератсияи байналмилалии футбол аз кишвари мо ҳафт довари ФИФА, ҳашт ёвари довари ФИФА ва ду довари футзали ФИФА эълон шудаанд. Илова бар ин, чор довари тоҷик Гулмуроди Саъдулло, Абдулло Давлатов, Амирҷон Хоркашев ва Зуҳал Хуҷаназарова ба рӯйхати расмии видеодоварони ФИФА шомил гардида, ҳақ доранд бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR ҳакамӣ кунанд.

Ҳамин тавр, рӯйхати доварон аз Тоҷикистон чунин аст:

Доварони ФИФА: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе), Насрулло Кабиров (Норак), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), Абдулло Давлатов (Шаҳринав), Амирҷон Хоркашев (Душанбе), Нодира Мирзоева (Душанбе), Наталя Сотникова (Душанбе).

Ёварони доварони ФИФА: Акмал Буриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Ҳасан Каримов (Норак), Фарҳод Қуралов (Душанбе), Вафо Қараев (Шаҳринав), Исмоил Нуралиев (Норак), Ғайрат Рӯзибоев (Шаҳринав), Дилшода Раҳмонова (Душанбе).

Доварони футзали ФИФА: Суҳроб Сатторов (Турсунзода), Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе);

Видеодоварон (VAR): Гулмуроди Саъдулло (Душанбе), Абдулло Давлатов (Шаҳринав), Амирҷон Хоркашев (Душанбе), Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе).

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 аз Тоҷикистон 17 довар ҳамчун доварони ФИФА интихоб шуда буданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.