Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ройгон ва қулай. Гирифтани тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ осон шуд
Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандон метавонанд ро ба таври электронӣ бо истифода аз QR-рамз дастрас намоянд.
Ба навиштаи манбаъ, дигар барои гирифтани тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ ҳозир шудан ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур нест.
Гуфта мешавад, ки ин хизматрасонӣ ройгон буда, шаҳрвандон новобаста аз он ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ё берун аз он қарор доранд, метавонанд аз ин хизматрасонии электронӣ истифода намоянд.
Манбаъ меафзояд, ки иқдоми мазкур бо мақсади татбиқи муқаррароти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ», инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» амалӣ гардид.
“Мувофиқи тартиби нав, шаҳрвандон баъди гирифтани маълумотномаи вазъи оилавӣ аз бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо метавонанд барои тасдиқи аслияти он ба сомонаи расмии Вазорати адлия ворид шуда, дар равзанаи «Маълумотнома - тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ» маълумоти заруриро пур намоянд. Ариза тавассути ин портал ба таври электронӣ ба вазорат ирсол мегардад. Натиҷаи баррасии ариза ба шаҳрванд дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронӣ ё тавассути смс-паёмак ба рақами телефони мобилии дар ариза гуфташуда фиристода мешавад”, - омадааст дар хабарнома.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”