27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Шариф Атобуллоев: “Садои мардум” яке аз рӯзномаҳоест, ки замони нооромӣ аз чоп намонд
1-уми январи соли 2026 нашрияи парлумони кишвар “Садои мардум” 35-сола мегардад. 35 сол пеши таърих тӯлонӣ нест, вале барои як рӯзнома, ки дар умри худ шоҳиди ҷанги шаҳрвандиву нооромии кишвар шуд, побарҷо мондан кори саҳлу осон нест. Ҳоло рӯзномаи “Садои мардум” аз ҷумлаи газетаҳои хушсифат, пурхонанда ва боэътимод аст.
Дар ин росто, Dialog.tj бо Шариф Атобуллоев, журналисти хушном ва мудири шуъбаи иҷтисод ва иҷтимоиёти рӯзномаи “Садои мардум” доир ба паҳлуҳои гуногуни кори нашрия суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
ПУЛИ ИРТИБОТ МИЁНИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА
- Нахуст, бигӯед, ки рӯзномаи “Садои мардум” барои шумо чист: ҷойи кор ё ба қавле хонаи дуюм?
- Доимо мегӯям, ки “Садои мардум” бароям хона асту ҳамкорон аҳли оила. Аз ин рӯ, ман ҳам дар қатори онҳое ҳастам, ки ҷойи корашонро хонаи дуюм меҳисобанд.
- Муассиси рӯзномаи “Садои мардум” парлумони кишвар аст. Ба фикри шумо, ин рӯзнома бештар минбари парлумон аст ё пули иртибот миёни давлат ва ҷомеа?
- Рӯзномаи “Садои мардум” нашрияи парлумонист, аммо мувофиқи моддаи 66-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ”, дар баробари рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва “Ахбори Маҷлисӣ Олӣ” сарчашмаи нашри ахбори расмӣ аст. Яъне дуюмин рӯзномаи расмӣ дар кишвар мебошад. Парлумонӣ будани рӯзномаи “Садои мардум” маъноеро надорад, ки он танҳо фаъолияти парлумонро инъикос мекунад, балки дар он фаъолияти Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бозгӯ мешавад. Ҳамчунин, ҳаёти халқ ва дастовару мушиклот инъикос мегардад. Ногуфта намонад, ки аз рӯйи вазифаҳои оиномавие, ки “Садои мардум” дорад, тамоми ҷаласаҳои парлумонро пурра нашр мекунад. Вақте ки мо як гузориш аз иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ё ҷаласаҳои иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон нашр мекунем, мебинем, ки дигар расонаҳо дар такя ба он хабару гузориш мекунанд, ки ин ҳам як навъ маънои пуле будани рӯзномаро дорад. Аз ин рӯ, рӯзномаи “Садои мардум”-ро пуле миёни давлат ва ҷомеа гуфтан мумкин аст.
- Дар давраҳои ҳассоси таърихӣ рӯзномаи “Садои мардум” нақши бориз дошт. Махсусан, Иҷлосияи таърихсозро соат ба соат инъикос мекард. Яъне он замон бовару эътимоди мардум ба рӯзномаи мазкур ниҳоят зиёд буд, ҳоло чӣ гуна аст?
- Аслан бояд ҷомеашиносон тариқи гузаронидани мониторинге муайян кунанд, ки ҳоло бовару эътимоди мардум ба кадом расонаҳо чӣ қадар аст, вале аз рӯи мушоҳидаҳое, ки мо дорем, гуфтан мумкин аст, ки мардум ба рӯзнома эътимод доранд. Дар таҷриба буданд ҳолатҳое, ки аз пайи мактуби хонандагон рафтем ва мушкилашонро инъикос кардем, ки дар натиҷа он ҳал шуд. Нишондоди дигари эътимоднокии мардум ба рӯзнома шумораи обуначиён аст, ки атрофи 35 ҳазор нафар аст ва ҳафтае се маротиба нашр мегардад.
- Модоме ки рӯзнома атрофи 35 ҳазор обуначӣ дорад, метавонед бигӯед, ки имрӯз хонандаи асосии “Садои мардум” кист?
- Агар аз нигоҳи касбӣ баҳо диҳем, хонандаи рӯзномаи расмӣ ба гурӯҳи хонандагони хушсифат дохил мегардад, зеро дар ин ҷо сенсатсияву валвала нест ва мавод дар доираи принсипҳои касбӣ омодаву нашр мегарданд. Аксаран онҳое, ки дар мақомоти давлатӣ фаъолият мекунанд, хонандаи доимии рӯзнома ҳастанд.
- Дуруст аст, ки дар давраи ҳассоси таърихӣ – ҷанги шаҳрвандӣ рӯзномаи “Садои мардум” аз чоп намондааст?
- Дар замоне ки аксари рӯзномаҳо ба гоҳнома табдил ёфтанду бархеи дигараш аз кор монанд, рӯзномаи “Садои мардум” яке рӯзномаҳоест, ки аз рӯзи таъсис инҷониб ҳеҷ гоҳ аз нашр намондааст. Фарқ танҳо ҳамин аст, ки дар солҳои аввали таъсис ҳафтае панҷ маротиба нашр мешуд, аммо бинобар мушкилоти маълуми солҳои 90-уми асри гузашта, баъдтар се маротиба шуд.
ҶОМЕАИ, КИ РӮЗНОМА НАДОРАД...
- Медонем, ки солҳои пеш дар муҳити таҳририяи рӯзнома мактаби махсуси тарбияи журналистони ҷавон вуҷуд дошт, ҳоло чӣ?
- Агар таърихи рӯзномаи “Садои мардум”-ро варақ бизанем, маълум мегардад, ки баробари таъсисаш беҳтарин журналистони давр ба кор ҷалб гардидаанд. Аз рӯзҳои аввал “Садои мардум” мактаби тарбияи журналистони ҷавон буд ва ҳоло ҳам ҳаст, вале ин шабурӯз як фарқ ҳаст. Имрӯз мутаассифона, шогирдони ин мактаб ба маротиб кам шудаанд. Бадбахтона, ҷавонон барои таҷрибаомӯзӣ ва кор ниҳоят кам меоянд.
- Таваҷҷуҳи кам доштани ҷавонон ба кори газетаро дар чӣ мебинед?
- Инро намедонам ва аслан ба мо вобаста нест, вале ҳар касе биёед, то қадри имкон кумак мекунем.
- Шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти матбуот бетаъсир намонданд. Оё ҳамон тавре ки 10 сол пеш мардум ба газета муроҷиат мекарданд, ҳоло ҳам ҳамон гуна аст?
- Мо хоҳем нахоҳем таъсири интернет ба ВАО-и чопӣ назаррас аст. Яъне барои бархеҳо шабакаҳои иҷтимоӣ минбаре шуданд, ки аз мушкилоту пешрафташон мегӯянд, аммо бояд бигӯем, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар мо ҳамчун журналистика эътироф нашудааст ва хоҳ-нохоҳ бовару эътимоди мардум камтар аст. Рӯзнома бошад, воситаи ахбори оммаест, ки дар он маводи санҷидашуда нашр мегардад ва ҳар матлабе, ки нашр мешавад, манбаи муайян дорад.
- Чаро рӯзномаи “Садои мардум” дар интернет фаъол нест?
- Ҳоло рӯзномаи “Садои мардум” сомонаи расмӣ дорад, ки дар он матолиби нашршуда дар рӯзнома дастраси корбарони интернет мегардад. Ҳамчунин, дар паёмрасони телеграм низ саҳифаи махсус дорад.
- Бо гузашти солҳо ва дастрас шудани интернет яке аз вазифаҳои асосии рӯзнома – хабаррасонӣ қариб, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузашт ва ҳоло рӯзномаҳоро мебояд бештар ба матолиби таҳлилӣ рӯ биёранд, то ки ба афкор таъсир расонанд. Дар рӯзномаи шумо ин масъала чӣ гуна аст?
- Ҳоло функсияҳои асосии журналистика, иттилоърасонӣ, сафарбаркунӣ ва таъсиррасонӣ ба афкор дар рӯзномаи “Садои мардум” ҳастанд. Матолиби таҳлилии зиёд дорад рӯзнома ва кӯшиш карда мешавад, ки афкори мардум ба таҳкими сулҳу субот, побарҷоии Истиқлол ва ободиву соҳибихтиёрии кишвар равона гардад.
- Ба фикри шумо, ҷомеа бидуни рӯзнома чӣ зарар мебинад?
- Мехоҳам ин ҷо сухани машҳури устод Садриддин Айниро қайд кунам, зеро аз он кас беҳтар гуфтан имкон надорад: “Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад”. Ҳамин муҳим будани рӯзнома дар ҷомеа аст, ки журналистикаро рамзан ҳокимияти чорум мегӯем. Бидуни матбуот ҷомеа чӣ зарар диданашро намедонем, зеро инро вақте мефаҳмем, ки аз даст медиҳем.
“СУКУТ ҲАМ МАВҚЕЪ АСТ”
- Чаро шумо журналист шудед?
- Замони мактабӣ ба шеърнависӣ шавқ доштам, вале то дохил шудан ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи ин касб маълумоти зиёд надоштам, таассуротам умумӣ буд. Вале замони таҳсил дар донишгоҳ бо роҳнамоии устодон асли ин касбро дарк кардам ва аз интихоби ин роҳ заррае пушаймон нестам.
- Тавре медонем, фаъолияти кории шумо аз Телевизиони Тоҷикистон (он замон Шабакаи Якум) оғоз шудааст. Чӣ хел шуд, ки ба рӯзномаи “Садои мардум” омадед?
- Вақте ки дар курси панҷум мехондам, таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар идораи мусиқии Радиои Тоҷикистон гузаштам. Он ҷо давоми зиёда аз як моҳ таҷриба омӯхтам ва супоришҳои идоравиро иҷро мекардам. Замони хатми донишгоҳ гуфтанд, ки донишҷӯёне, ки буҷавӣ таҳсил кардаанд, агар худашон ҷойи кор пайдо накарда бошанд, аз рӯйи нақша ба кадом редаксияе, ки кадр лозим бошад, барои кор фиристода мешаванд. Ман ба радио барои кор муроҷиат кардам. Сармуҳаррири вақти идораи мусиқӣ устод Шаҳобиддин Ҳақназар гуфтанд, ки барои кор кардан дар радио омодаам, вале азбаски ба телевизион кадр лозим аст, тавсия доданд, ки он ҷо равам. Ҳамин тавр, ман зиёда аз як сол дар телевизион кор кардам ва сипас, ба хулосае омадам, ки дар матбуот кор кардан бароям қулайтар аст ва ба рӯзномаи “Садои мардум” омадам. Инак, 13 сол мешавад, ки дар ин рӯзнома кор мекунам. Ин рӯзнома барои ман пеш аз ҷойи кор ва василаи пешбурди зиндагӣ буданаш, мактаб аст. Солҳои аввал аз ҳамкорони собиқадор нозукиҳои амалияи журналистикаро омӯхтам.
- Дар як ҷо ин қадар сол кор кардан кадом ҷиҳатҳои неку бад дорад?
- Ҷиҳати мусбат ин аст, ки идора хонаву ҳамкорон аҳли оила мешаванд. Вале то ҳол фикр накардаам, ки дар як ҷо кор кардан ягон бадие дошта бошад. Муҳим кору вазифаи шахс дар солҳои тӯлонӣ якранг набошад, махсусан дар касби журналистӣ, ки пайваста дигаргунӣ ва такмилро талаб мекунад.
- Аз дигар расонаҳо пешниҳоди кор ба шумо нашудааст?
- Пешниҳодҳо буданд, вале ман нахостам, зеро ҷойи корам бароям роҳат аст.
- Корномаи журналистии шумо хеле ором пеш меравад, дар ҳоле ки бисёриҳо дар талоши худнамоӣ ва мансабгирӣ ҳастанд. Чаро ин гуна оромед?
- Ман хислати худнамоӣ ва ҳангомаҷуиву шуҳратталабӣ надорам. Садоқат ба ватану касбро мехоҳам ҳама дошта бошанд.
- Буд ҳолате, ки тасмими аз соҳаи журналистика рафтанро гирифат бошед?
- Бале, чунин ҳолат буд, вале аз ин соҳа рафта натавонистам.
- Берун аз кори журналистӣ боз ба чӣ кор машғул шуда метавонед?
- Дар ин бора фикр накардаам, вале умедворам, ки гурусна намемонам.
- Дар миёни матлабҳоятон мақолае доред, ки бигӯед ҳамон олӣ аст?
- Ростӣ, ин фикрро накардаам ва зарураташро ҳам намебинам. Дар таҷриба буданд мақолаҳое, ки пас аз онҳо мушкилоти гуногун ҳал шуданд. Масалан, замоне ман дар бораи мушкилоти заршӯӣ мақолае навишта будам. Дар он аз зарурати иҷозат додан ба ин намуди фаъолият сухан мерафт. Бо мутахассисон ва онҳое, ки мехостанд дар ин самт сармоягузорӣ кунанд, суҳбат кардам. Инчунин, дар нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои масъули самти мазкур ин масъаларо мепурсидам. Хушбахтона, бо гузашти чанд сол мақомот гирифтани иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти заршӯиро осон кард. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон қайд карданд, ҳоло беш аз 50 ҳазор нафар маҳз ба ҳамин васила соҳиби ҷойи кор шуданд. Аммо ман даъво надорам, ки ин масъала танҳо бо шарофати мақолаи навиштаам ҳал шуд.
- Сукути рӯзноманигор ҳам гап дорад?
- Бале, сукут ҳам мавқеъ аст. Ҳарфҳое ҳастанд, ки аз гуфтан дида, нагуфташон беҳтар аст.
- Ҳаст мавзуе, ки аз навиштанаш худдорӣ карда бошед?
- Мо рӯзноманигорем ва ҳар чизе менависем, бояд дардхӯрӣ ҷомеа бошад. То имрӯз ҳар мавзуеро, ки ба фикрам ба фоидаи халқу ватан аст, навиштаам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”