27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Панҷакент: Сӯзанӣ бо 5 миллион кӯк сӯзанзанӣ омода шуд
Аҳли фарҳанги шаҳри Панҷакент аз навгонии фарҳангӣ иттилоъ доданд. Ин омода шудании сӯзанӣ, камтар аз як моҳ бо иштироки беш аз 35 нафар бо кӯкзании 5 миллион маротиба омода гардид.
Ин сӯзанӣ 13 декабри соли 2025 дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев муаррифӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ президенти Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ Саад-ал-Қудуми, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, ҳунармандон ва фаъолон иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ даҳҳо намунаи сӯзаниҳои дӯхтаи бонувони ҳунарманди шаҳр, ки заминаи боътимод барои ноил шудани Панҷакент ба унвони Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ шудааст, ба маъраз гузошта шуда буд.
Ба меҳмонон хоса сӯзание, ки бонувони ҳунарманди шаҳри Панҷакент ба ифтихори ҷашнвора дар ҳаҷми шаш ба се метр омода намудаанд, писанд афтод. Онро 35 нафар бонуи ҳунарманд бо шогирдонашон дар 25 рӯз бо панҷ миллион кӯк омода кардаанд.
Дар намоишгоҳ меҳмонон ва тамошобинон бо маълумотҳои ҷолиб дар бораи таърихи анъанаи сӯзанидӯзӣ, шарҳу тафсири нақшҳои он нақл мекунанд, шинос шуданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ таъкид шуд, ки шомил шудани Панҷакент ба ин феҳристи ҷаҳонӣ, баргузории Фестивали байналмилалӣ ва ин намоишгоҳи бузурги сӯзанӣ далели мӯътамади таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвари Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба эҳё ва рушди ҳунармандӣ, дастгирии ҳунармандон аст.
Коршиносони байналмилалӣ сӯзании Панҷакентро намунаи олии ҳунари дастии бонувон номиданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”