27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
29.12.2025 14:13

Тарифҳои нави барқу гармӣ аз 1-уми феврал ҷорӣ карда мешавад

Имрӯз, 29-уми декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2026 ва ҷалби сармоя дар солҳои 2026-2030 аз масъалаҳои асосии он буд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, дар кори маҷлис нахуст гузориши Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молия дар бораи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” шунида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ин росто, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои масъулро вазифадор намуданд, ки таъмини босифати қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути дарёфти сарчашмаҳои нав, чораҳои зарурӣ андешанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки Абдураҳмон Абдураҳмонзода вазири рушди иқтисод ва савдо, доир ба барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030 гузориш дода, зикр намуд, ки мақсади асосии барномаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла маблағгузории қарзӣ, грантӣ ва ёрии техникӣ, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, амалисозии онҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар равона мегардад.

Зикр мегардад, ки ба Барнома дар маҷмуъ 864 лоиҳа ворид гардидааст, ки маблағи он 15,7 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар идомаи маҷлис лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул гардид, зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар ин баробар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳсозии фаъолият дар соҳа дастуру тавсияҳо доданд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки тарифҳои нави барқу гармӣ аз 1-уми феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.