27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
29.12.2025 14:12

Кумитаи ҳифзи муҳити зист: “Ҷавобгарӣ барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ пурзур шуд”

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар кишвар барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзур гардид.

Ба навиштаи манбаъ, дар асоси ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи моддаи 232¹ «Шикор, нест кардани мақсаднок, инчунин гирифтани ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ё фурӯши бабри барфӣ (пантераи Осиёи Марказӣ)» амал мекунад. Пештар ин модда танҳо «Шикор ва нест кардани мақсадноки бабри барфӣ» ном дошт.

“Мувофиқи таҳрири нав, барои содир намудани чунин қонуншиканӣ ҷарима ба андозаи аз 1 200 то 1 800 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё маҳрумият аз озодӣ то 3 сол пешбинӣ шудааст. Тибқи меъёрҳои қаблӣ, ҷарима аз 800 то 1 200 нишондиҳандаи ҳисобӣ, корҳои ислоҳӣ то 2 сол ё маҳрумият аз озодӣ то 3 сол муқаррар мегардид”, - омадааст дар хабарномаи кумита.

Иттилоъ дода мешавад, ик дар ҳолати такроран содир кардани ҷиноят, ҷавобгарӣ боз ҳам шадидтар шуда, ҷарима аз 2 000 то 3 000 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё маҳрумият аз озодӣ аз 4 то 8 сол таъин мешавад. Ҳамзамон, маҳрумият аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол низ пешбинӣ шудааст. Пештар ин ҷазоҳо сабуктар буда, маҳрумият аз озодӣ аз 3 то 5 солро ташкил медод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.