Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе муноқишаи гурӯҳӣ пешгирӣ гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз пешгирии муноқишаи гурӯҳӣ байни ноболиғон хабар дод.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки кормандони шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аз муноқишаи гурӯҳӣ байни ноболиғон пешгирӣ намуданд.
“Санаи 26-уми декабри соли ҷорӣ як гурӯҳ ноболиғон бо корд мусаллаҳ гашта, мехостанд дар назди яке аз муассисаҳои таълимӣ муноқиша намоянд, аммо дар натиҷаи санҷишҳои саривақтӣ аз эҳтимоли сар задани ин ҷиноят пешгирӣ карда шуда, аз ноболиғон як адад кор мусодира гардид”, - зикр мегардад дар иттилоияи РВКД дар шаҳри Душанбе.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати волидони ноболиғон бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”