Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои солро эълон кард
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар маросими мазкур ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯи 18 бахш дар Лигаи олии Тоҷикистон, мусобиқаи ҷавонон ва Лигаи якум муайян гардиданд.
Гуфта мешавад, ки футболбози бошгоҳи “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон Амирбек Ҷӯрабоев ҷоизаи беҳтарин футболбоз дар соли 2025-ро ба даст овард. Ҳамчунин, беҳтарин нимҳимоятгар дар Лигаи олӣ эътироф шуд.
Шервонӣ Мабатшоев, бозингари дастаи “Регар-ТадАЗ” ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.
Ҳамин тавриқ, беҳтарин мураббӣ дар Лигаи олӣ - Зариф Усмонов (“Вахш”, Бохтар), беҳтарин нишонзан дар Лигаи олӣ – Шон Пол Камолафе (“Истиқлол”/ “Хуҷанд”), беҳтарин ҳамлагари Лигаи олӣ – Абдухалил Боронов (“Артиш” (КМВА), беҳтарин муҳофизатгари Лигаи олӣ – Содиқҷон Қурбонов (“Истиқлол”, Душанбе), беҳтарин дарвозабони Лигаи олӣ – Одам Ковач (“Вахш”, Бохтар), беҳтарин футболбоз дар Лигаи якум – Некрӯз Зокиров (“Шодмон”, Ҳисор), беҳтарин нишонзани Лигаи якум – Назрулло Ашурализода (“Моҳир”, Ёвон), беҳтарин дарвозабони Лигаи якум – Қурбонали Бобоев (“Сардор”, Турсунзода) беҳтарин футболбоз байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ – Муҳаммад Назриев (“Истиқлол”, Душанбе) эълон шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”