Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҷовид Муқим: “Мушкилтарин кор дар журналистика фаъолият дар матбуот аст”
Профессор Ҷовид Муқим ба маънои том инсони комиланд. Устод аз зумраи омӯзгороне ҳастанд, ки нисбат ба донишҷӯён дилсӯзанд. Ҳар донишҷӯро аз зовияҳои гуногун мешиносанд ва тарзе роҳнамоӣ мекунанд, ки шогирдон аз омадану рафтан ба донишгоҳ нафъе бардоранд. Эшон нисбат ба журналистика низ хеле дилсӯзанд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи бештар мутахассисони касбӣ дар редаксияҳо фаъолият кунанд ва аз пешравиву мушкилоти ҷомеа бигӯянд...
Бо устод Ҷовид Муқим доир ба омода кардани кадрҳои рӯзноманигорӣ ва бархе буду набудҳо суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
ГУФТОРИ ЯКУМ: ЖУРНАЛИСТОНИ ОЯНДА
- Устод, ҳоло дар зиёда аз даҳ донишгоҳу донишкадаи кишвар ихтисоси рӯзноманигорӣ фаъол аст. Оё аз меъёр зиёд журналист омода намекунем?
- Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки на ҳамаи он мактабҳое, ки ихтисоси рӯзноманигорӣ фаъол кардаанд, базаи мукаммали кадриву техникӣ доранд ва ин мушкили ҷиддист, зеро ба сифати таҳсил таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ба фикри мо, пеш аз роҳандозӣ кардани ихтисосе, бояд масъалаи кадриро аз ҳисоби мутахассисон ҳал кард, то ки донишҷӯён соҳибтахассус гарданд. Аз ҷониби дигар, дар даврони Шӯравӣ ташкилоте буд бо номи “Госплан” яъне ба нақшагирии давлатӣ ва он муайян мекард, ки пас аз 5-10 сол чӣ қадар кадр лозим мешавад ва аз рӯи ҳамин ояндабинӣ ба донишгоҳҳо шумораи омода кардани мутахассисон пешниҳод мегардид. Дар ин ҳол ҳар хатмкардаи мактаби олӣ бо роҳхат бо ҷойи кор таъмин шуда, бе кор намемонд. Имрӯз, иқтисодӣ бозорист. Таҳсил барои онҳое, ки пул доранд, осонтар шуд ва бо бали паст ҳам тариқи шартномавӣ донишҷӯ мегарданд. Сатҳи таҳсил ҳам дар донишгоҳҳо паст шудааст, зеро довталабон аз мактаб тайёр нашуда меоянд ва медонанд, ки ба таври шартномавӣ дохил шуда метавонанд. Ба наздикӣ хабаре нашр шуд, ки Русия соли оянда 45 ҳазор ҷойи шартномавиро дар мактабҳои олӣ барҳам медиҳад. Чун ин корро кунад, таҳсил бештар ройгон мегардад ва талабот низ ҷиддитар мешавад.
- 11 сол мешавад, ки довталабони макотиби миёна ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон месупоранд. Албатта, ин равиши кор хеле хуб шуд, зеро шаффофият таъмин гардид, вале чаро то ҳол барои ихтисосҳои рӯзноманигорӣ имтиҳони эҷодиву маҳорат пешбинӣ нашудааст?
- Ин мавзуъ чанд маротиба расонаӣ шудааст, аз ҷумла ман ҳам мақолае навишта, имтиҳони эҷодиро пешниҳод карда будам, вале бефоида. Дар ҳақиқат аз довталабони риштаи рӯзноманигорӣ бояд имтиҳони маҳорат гирифта шавад, зеро ин соҳаи эҷодӣ аст. Вале бояд ба назар бигирем, ки агар чунин шавад, шумораи довталабон ба ихтисосҳои журналистӣ ба маротиб кам мегарданд. Воқеан, имрӯз журналист бо сабабҳои гуногун обрӯяшро аз даст додааст, маошаш ҳам нисбат ба дигар касбҳо кам аст. Барои ҳамин ҳам довталабон ҳамон ихтисосҳоеро интихоб мекунанд, ки метавон бо заҳмати кам маоши хуб ба даст овард.
- Набудани имтиҳони эҷодиву маҳорат сабаб мешавад, ки довталабони тасодуфӣ ба соҳаи рӯзноманигорӣ биёянд. Бигӯед, ки ҳоло тасодуфиҳо зиёданд?
- Бале, тасодуфиҳо зиёданд, зеро дар интихоби касб хатои зиёд доранд. Азбаски Маркази миллии тестӣ ба довталабон имкони интихоби 12 ихтисосро медиҳад, бачаҳо дар миён ихтисосҳоеро низ интихоб мекунанд, ки аслан хоҳиши омӯхтан надоранд ва ҳамин ки бали ба даст овардаашон ба ихтисоси мехостаашон нарасид, донишҷӯ шавем гуфта, дар дилхоҳ факултет таҳсил мекунанд, то ки диплом бигиранд.
- Мушоҳида мегардад, ки донишҷӯёни имрӯзи факултет нисбат ба донишҷӯёни 5-10 сол пеш камтар менависанд. Чаро чунин аст?
- Албатта, ҳоло бачаҳо кам менависанд, зеро навиштан кори осон нест. Барои мисол, аксар хатмкунандаҳои имсолаи факултет метавонанд дар радиову телевизион кор кунанд, вале дар матбуот не. Мушкилтарин кор дар журналистика фаъолият дар матбуот аст ва ҳоло аз ин ҷиҳат бачаҳо хеле қафо мондаанд. Донишҷӯёни мо аз курси 2-3 дар радио ва телевизион кор мекунанд ва хеле фаъол ҳам ҳастанд. Аммо шояд онҳое, ки ба талаботи матбуот ҷавобгӯ бошанд, ангуштшуморанд. Аз ҳамин сабаб майдон каме холӣ мондааст.
- Блогерон таъсири бад ба ояндаи журналистика надоранд?
- Албатта, таъсири бад мерасонанд, зеро аксар блогери ҳақиқиро аз блогери хасакӣ фарқ карда наметавонанд ва ҳамин тафовут нагузоштан сабаб мешавад, ки бачаҳо фикрҳои нохуб кунанд. Мутаассифона, ҳоло барои бархе ҳамон ба ном блогерон, ки матолиби бемаънову ғайримантиқӣ нашр мекунанд, идеал шудаанд. Яъне онҳо намунаи бад ҳастанд, ки бачаҳоро аз хондан, аз соҳибкасб шудан боз медоранд, чунки дар мисли худ нишон медиҳанд, ки гӯё таҳсилнадидаву бедиплом низ соҳиби пулу мошин ва ғайра метавон шуд.
- Маълум аст, ки ҳоло зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун истифода мешавад, аз ҷумла дар журналистика. Оё мушоҳида мекунед, ки бачаҳо дар корҳои эҷодиву таҳқиқӣ аз он истифода мекунанд?
- Мушоҳида мешавад ва зеҳни сунъӣ донишҷӯёнро бисёр танбал кардааст. Имсол дидам, ки чанд донишҷӯ вақти навиштани кори курсӣ аз зеҳни сунъӣ истифода кардаанд, ки хеле бад аст. Кори ҳамаашонро гардондам, зеро услуби навишти зеҳни сунъӣ маълум аст. Зеҳни сунъӣ таҳлил, муқоиса ва умуман як коре, ки бояд муҳаққиқи ҷавон дар ҷараёни кори илмӣ анҷом диҳад, намекунад ва ин баръало ошкор мегардад. Соли гузашта, академике аз Маскав навишт, ки як шогирдаш рисолаи хатмашро бо ёрии зеҳни сунъӣ навиштааст ва дар рӯйхати адабиёт китобҳоеро овардааст, ки аслан вуҷуд надоранд. Ба ҳамин монанд мисолҳо зиёданд, чунки зеҳни сунъӣ хатои дағал ҳам мекунад. Дар кори як донишҷӯ ё муҳаққиқи ҷавон будани хатои дағали зеҳни сунъӣ боиси шармандагист.
- Солҳои зиёд аст, ки дар факултети журналистика маҳфили “Анис”-ро роҳандозӣ намудаед ва бо донишҷӯёни фаъол онро моҳе як маротиба баргузор мекунед. Бигӯед, ки ҳоло ин маҳфили эҷодӣ чӣ ҳол дорад?
- Бале, беш аз 20 сол аст, ки ин маҳфил фаъол аст ва ба ташаккули рӯзноманигорони ҷавон мусоидат мекунад. Мутаассифона, сатҳи маҳфили “Анис” низ бинобар суст будани саводи донишҷӯён паст шудааст. Агарчи моҳе як маротиба онро баргузор мекунем, вале аз фаъолияти имрӯзааш розӣ нестам.
ГУФТОРИ ДУЮМ: “ВАҚТ НАДОРАМ”
- Шумо нисбат ба мушкилоту пешрафти ҷомеа бетафовут нестед ва доир ба мавзуъҳои рӯз фикратонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот менависед. Вале тавре ҳоло мебинем, хеле кам менависед, чаро?
- Аз як ҷониб, вақт надорам ва аз тарафи дигар, навиштан ҳоло таъсире надорад.
- Мақолаҳои илмӣ ва китоби дарсӣ чӣ?
- Мақолаи илмӣ менависам. Ҳамчунин, дар талоши навиштани китоби дарсие доир ба хабарнависӣ ҳастам ва маводи зарурии амалиро ҷамъоварӣ намудаам. Ҳамин ки фурсат даст дод, ҳатман менависам.
- Устод, шумо инчунин, нависандаи хуб ҳам ҳастед ва чандин асарҳоятон нашр шудаанд. Бигӯед, ки эҷоди бадеиятон чӣ гуна пеш рафта истодааст?
- Бовар кунед, соли гузашта романеро бо номи “Марям” ба анҷом расондам, вале то ҳол вақт намеёбам, ки онро як бор таҳрир карда, ба чоп супорам. Як романи нотамоми дигар низ дорам бо номи “Мард”, ки барои онро ба итмом расондан вақти зиёд лозим аст. Сужаи он пеш аз даврони Шӯравӣ оғоз шуда, то ҳол давом мекунад, бисёр риққатовар аст. Тахайюлӣ аст, вале ҳодисаҳои он дар ҳаёти садҳо кас рух додаанд. Ҳамчунин, давоми қиссаҳои детективиам дар майнаам пухтаанд, вале аз ҳисоби камии вақт коре карда наметавонам. Хуллас, нақшаҳои эҷодии зиёд дорам, аммо вақтам кам аст, фурсат надорам, ки нависам, зеро кори донишгоҳ, махсусан омодагӣ ба дарсҳову роҳнамоии шогирдон вақти хеле зиёдро мегирад.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”