Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Блогерони сол дар самтҳои гуногун муайян гардиданд
Шоми гузашта Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон бори сеюм маросими ҷоизасупории “Блогери сол”-ро баргузор кард.
Имсол низ дар маросими ҷоизасупорӣ блогерон аз рӯи самтҳои гуногун қадрдонӣ шуданд.
Ҳамин тавр, ғолибон ё блогерони соли 2025 дар самтҳои мухталиф инҳо интихоб гардиданд: Исмоил Ғаниев - “Лайфстайл”, Манучеҳр Риоев - “Варзиш”, Тобон Почоева - “Сайёҳӣ”, Фаррух Сангинов - “Вайнер”, Сироҷиддин Ғафурӣ - “Ҳунарманд-блогер”, Манзура Саидова - “Ҳунарпеша - блогер”, Сайидои Амриддин - “Эътирофи сол”, Суҳроб Ниёзов - “Омӯзиш”, Ромиши Яздон - “Панду насиҳат” ва Шаҳром Каримзода - “Инфо-блогер”.
Ба иттилои дастандаркорони маросим, ғолибон дар ҳар номинатсия тариқи овоздиҳӣ муайян карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2023 инҷониб Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон фаъол аст ва дар корҳои гуногуни ҷамъияти аъзояшро сафарбар мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад