27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:13, Душанбе
26.12.2025 08:54

Фирӯза Ҳафизова: "Аз кардаам пушаймонам"

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти сарояндаи шинохтаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова хабар дод.

Бинрбар гузориши манбаъ, Фирӯза Ҳафизова барои беэҳтиромӣ кардан нисбат ба пули миллӣ боздошт гардидааст.

Дар наворе, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нашр кард, гуфта мешавад, ки Садриддин Набиев, маъмури тарабхонаи “Миллениум” Фирӯза Ҳафизоваро барои ҳунарнамоӣ даъват кардааст. Зимни ҳунарнамоии овозхон шаҳрвандон Сайфиддини Сайнуриддин ва Сабоҳат Исломов дидаву дониста талаботи қонунгузориро поймол намуда, нисбати асъори миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир карда, купюраҳои гуногуни асъори миллиро ба сари Фирӯза Ҳафизова пошидаанд. Сароянда низ нисбати асъори миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, пули миллиро поймол кардааст.

Дар навбати худ Фирӯза Ҳафизова чунин мегӯяд: "Аз кардаи худ пушаймонам ва кӯшиш мекунам, ки дигар чунин амал такрор нашавад".

Мақомот шарҳ надодааст, ки сароянда ва ду касе, ки ба сари ӯ пул пошиданд чӣ гуна ҷазо мегиранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.