Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ дар хитоб ба амрикоиҳо: “Ба ҷойи фиреби ҷаҳон дунболи дипломатияи шарафмандона бошед”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба изҳороти нави мақомоти амрикоӣ дар бораи омодагии Вашингтон барои оғози музокирот, гуфта ки, Амрико ба ҷои он, ки ҷаҳонро фиреб диҳед, ба дипломатияи воқеӣ ва шарафмандона рӯ орад.
Тибқи иттилои расонаҳои Эрон, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар посух ба иддаои нави мақомоти амрикоӣ дар бораи омодагии Вашингтон барои оғози музокирот, бо як оҳанги кинояомез чунин гуфтааст: “Ин дикта аст, на музокирот, чӣ расад ба музокироти пурмазмун”.
Ӯ бо интиқод аз таърифи нави Амрико аз дипломатия, ният ва ҳадафи Вашингтонро аз музокирот чунин шарҳ додааст: "Мо омодаи музокироти маънодор ҳастем омодаем, аммо ҳуқуқи барасмиятшиносхташудаи байналмилалии худро фаромӯш кунед."
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар идома чунин афзуда: “Ҷаҳон шоҳид буд, ки мо дар ҳоли музокира будем, ки Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифт, ба мардуми мо оташ кушояд ва дипломатияро торумор кунад. Ва мо ҳам ҳамон кореро кардем, ки ҳамеша мекунем: касонеро, ки ба мо ҳамла карданд, дарҳол кӯбидем ва коре кардем, ки аз кардаи худ пушаймон шаванд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”