Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Пайвандони Қобилҷон: “Навори кушторро аз интернет пок кунед”
Блогери шинохтаи тоҷик Рухшона Раҳматуллоева, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси Soffi маъруф аст, пас аз дидору суҳбат бо модар ва пайвандони Қобилҷон Алиев, наврасе, ки 16-уми декабр дар Русия кушта шуд, наворе нашр карда, хоҳиши онҳоро ба мардум расонд.
“Пас аз суҳбат бо модар ва пайвандони Қобилҷон, ба мо маълум шуд, ки модараш ҳамон рӯзи ҳодиса дар кор будааст, аммо ӯ ҳамчун фаррош дар дигар мактаб фаъолият мекардааст. Он зане, ки дар назди мактаб гиря мекунад ва дар расонаҳо ҳамчун модари Қобилҷон муаррифӣ шудааст, дар асл холааш мебошад. Вақте ки модари Қобилҷон хабарро фаҳмида, ба беморхона рафтааст, алакай дигар фарзандаш дар қайди ҳаёт набудааст. Ба ӯ фарзандашро нишон надодаанд ва рӯи Қобилҷонро танҳо дар Тоҷикистон дидааст”, - мегӯяд Рухшона Раҳматуллоева.
Ҳамчунин, блогери тоҷик меафзояд, ки пайвандони Қобилҷон аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карданд, ки навори кушторро аз саҳифаҳояшон тоза кунанд, зеро модараш то ҳол онро надидааст ва агар бинад, аҳволаш бад мегардад.
“Ҳоло модари Қобилҷон телефон надорад ва то ҳол он навори даҳшатнокро надидааст. Аз онҳое, ки ин наворро дар интернет гузоштанд, хоҳиш мекунем, ки онро тоза кунанд”, - гуфтаанд пайвандони Қобилҷон Алиев.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”