27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Дар Душанбе Форуми VI ҷавонони театрии кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор мегардад
24-уми декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба баргузории Форуми VI ҷавонони театрии кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон ба имзо расид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ медиҳад, санадро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва президенти Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодияҳои театрӣ Карина Цатурова имзо карданд.
Манбаъ меафзояд, ки тибқи Ёддошти тафоҳум, тирамоҳи соли 2027 бо иштироки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми VI ҷавонони театрии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар ин росто Душанбе ба маркази ҷалби коргардонҳо, драматургҳо, ҳунармандон, коргардонҳо ва мунаққидони театрии то 35-сола аз кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон табдил меёбад.
“Форум натиҷаи марҳилавии як раванди тӯлонии эҷодӣ ва ташкилӣ хоҳад буд. Дар марҳилаҳои гуногун Шӯрои байналмилалии коршиносон беҳтарин намоишҳоро интихоб намуда, инчунин озмунҳои асарҳои драматургҳои ҷавон ва корҳои саҳнасозони ҷавонро баргузор менамояд. Барномаи фарогири омӯзишӣ пешбинӣ шудааст, ки дар доираи он ҷавонони театрӣ равияҳо ва консепсияҳои нави рушди санъати театриро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд”, - зикр мегардад дар хабарнома.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”