Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Се кас ҳалок гардид. Қаиқе дар Норак чаппа шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чаппа шудани қаиқе ва ҳалок шудани се кас дар Норак хабар дод.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми декабр, тахминан соати 01:30 дақиқа ҳафт (шаш сокини Норак ва як сокини Ёвон) ба воситаи қаиқи дорои муҳаррик мехостанд аз тарафи ҷамоати деҳоти Дуконӣ ба тарафи деҳаи Гирдоби ҷамоати деҳоти Пули Сангин гузаранд, ки ҳангоми гузаштан дар наздикии соҳил қаиқ чаппа гардида, ҳамаашон ғарқ шуданд.
Аз ҳафт каси ғарқшуда чор нафар Саидов Бадриддин Шамсиддинович, соли таваллуд 15.09.1995, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Гирдоб, Назаров Назарбек, соли таваллуд 1995, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Гирдоб, Ҳақбердиев Холмирзо, соли таваллуд 1995, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Гирдоб ва Саидов Босит Зафарович, соли таваллуд 1997, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Гирдоб зинда аз об баромаданд.
Ҳамин тавр, дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барои гузаронидани корҳои кофтукобии рӯиобӣ ва зериобӣ амал намуда, дар натиҷа ҷасади се каси ғарқшударо аз об бароварда ба мақомоти дахлдор супориданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”