27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
22.12.2025 07:32

Ҷоизапулӣ, ҷалби футболбозони ҷавон ва легионерҳо. Лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда чӣ гуна хоҳад буд?

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуда, фаъолияти соли равон ҷамъбаст ва самтҳои асосии мавсими нав муайян гардиданд.

Тавре ки маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа Кумитаи иҷроия нақшаҳои мавсими ояндаи мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Ҳамин тавр, мавсими нави лигаи олии Тоҷикистон бо ширкати 12 даста 6-уми марти соли 2026 оғоз мешавад.

Манбаъ менависад, ки формати нав барои маҳдудияти бозигарони хориҷӣ низ тасдиқ карда шуд. Дар мавсими оянда ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозигари хориҷиро ба дархост ворид карда, дар як вақт 5 легионерро ба майдон барорад.

Гуфта мешавад, ки аъзои Кумитаи иҷроия тавсия доданд, ки Лигаи футболи Тоҷикистон фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистонро зиёд карда, ҷоизапулиро барои чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ таъсис диҳад.

Инчунин, аз мавсими нав сар карда, ҳар як бошгоҳи лигаи олӣ бояд як бозигари ҷавони соли таваллудаш 2008 ё ҷавонтарро ба ҳайати асосӣ дохил кунад.

Иттилоъ дода мешавад, ки мувофиқи қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ аз соли 2027 сар карда, бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон бояд дастаҳои занона дошта бошанд. Тавсия дода мешавад, ки ин талабот аз соли 2026 ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ санҷида шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.