27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
19.12.2025 11:53

4810 ҷойи кор пешниҳод шуд. Дар пойтхат ярмаркаи ҷойи кори холӣ ва имкониятҳои нав доир гардид

Бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар IT-PARK-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва имкониятҳои нав доир гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳадафи асосии ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли аҳолӣ, дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба ватан бозгашта, инчунин, муаррифии имкониятҳои нави меҳнатӣ дар дохили кишвар мебошад.

“Дар чорабинӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо иштирокчиён ва корфармоён суҳбати озод анҷом дода, таъкид намуданд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард, зеро сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди бозори меҳнат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардидааст.  Зикр шуд, ки баргузории чунин ярмаркаҳо ба коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷойҳои кори шоиста дар дохили кишвар мусоидат мекунад”, - омадааст дар хабарномаи вазорат.

Дар ярмарка намояндагони 75 корхонаю муассиса, ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуда, ба шаҳрвандон 4810 адад ҷойи кор аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонӣ ва соҳибкории хурд пешниҳод намуданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар чорабинӣ 1732 нафар иштирок кард, ки аз ин шумора 362 нафар аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ҳамчун довталаб барои ишғоли ҷойҳои кор ба қайд гирифта шуданд. Ҳамзамон, 317 нафар бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар доираи чорабинӣ, муаррифии курсҳои касбомӯзӣ, барномаҳои бозомӯзӣ ва лоиҳаҳои дастгирии шуғли аҳолӣ баргузор шуда, ба корҷӯён роҳҳои баланд бардоштани малакаҳои касбӣ пешниҳод карда шуданд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.