27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
17.12.2025 14:15

“Сабабу омилҳои ин ҳодиса ҳамаҷониба санҷида шавад”. Суҳбати телефонии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия

Дар ростои ҳодисаи гӯшношунид, ки як навраси 10-солаи тоҷик дар Русия кушта шуд, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В.А. суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, зимни суҳбат Рамазон Раҳимзода аз Колоколтсев В.А. талаб кардааст, ки сабабу омилҳои ин ҳодиса ҳамаҷониба санҷида ва чораҷӯӣ карда шавад.

“Дар рафти суҳбати телефонӣ қайд гардид, ки содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боиси вазъи ногувори ҷомеа шуда, барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад”, - навиштааст манбаъ.

Иттилоъ дода мешавад, ки ҷониби Россия иброз намудааст, ки барои ҳаматарафа ва воқеъбинона гузаронидани тафтишот тамоми чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 16-уми декабр дар мактаби Успенскии ноҳияи Одинсоваи шаҳри Москва ноболиғи 15-солаи рус ба навраси 10-солаи тоҷик бо корд ҳамла карда, ӯро ба қатл расонд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.