Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Аз дониш ва малакаи хонандагон изҳори қаноатмандӣ намуд. Боздиди вазири маориф аз мактабе дар пойтахт
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Раҳим Саидзода, вазири маориф бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия, сифати дарсҳо, фаъолияти омӯзгорон ва шароити моддию техникӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздид намуд.
Ба навиштаи манбаъ, зимни боздид вазири маориф ва илм бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбати озод анҷом дода, аз сатҳи дониш, малака ва ҷаҳонбинии хонандагон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин, ба омӯзгорон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи васеи усулҳои муосири омӯзиш ва ҷалби хонандагон ба фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ Раҳим Саидзода вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми декабр ироа гардид, ишора намуда, таъкид кард, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии омӯзгорон ва ҳавасмандсозии кадрҳои соҳа, маоши омӯзгорон боз ҳам 25 фоиз зиёд мегардад, ки ин иқдом бозгӯи ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба аҳли маориф мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”