Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дембеле футболбози сол шуд. ФИФА беҳтаринҳои солро муайян кард
Шоми гузашта ФИФА дар як чорабинии махсус беҳтаринҳои солро эълон намуд.
Ҳамин тавр, Усмoн Дембеле, ки қаблан барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” гардида буд, аз ҷониби ФИФА беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2025 эълон гардид.
Беҳтарин футболбоз аз ҳисоби занон бошад, Айтана Бонмати интихоб шуд, ки ӯ ҳам имсол барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” буд.
Ба фарзияи ФИФА беҳтарин сармураббӣ дар соли 2025 сармураббии бошгоҳи “ПСЖ” Луис Энрики дониста шуд.
Ҳамчунин, Ҷанлуиҷи Доннарумма ҷоизаи беҳтарин дарвозабони солро ба даст овард.
Дар чорабинӣ, дастаи рамзии сол низ эълон шуд, ки он ҷо се футболбози беҳтарини мавсими гузашта Рафиня, Мбаппе ва Ҳоланд шомил нашуданд.
Ёдовар мешавем, ки беҳтаринҳои солро аз рӯи фарзияи ФИФА сармураббиён ва сарвонҳои тимҳои миллӣ тариқи овоздиҳӣ интихоб мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”