Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Стратегияи нави ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе муаррифии Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2031 бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Зикр мегардад, ки чорабиниро вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ифтитоҳ намуда, саҳми Бонки ҷаҳониро дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок баланд арзёбӣ кард.
Манбаъ меафзояд, ки Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2031 муаррифӣ гардида, дар он ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи энергетика, бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш инчунин, ба таҳкими сармояи инсонӣ (маориф ва тандурустӣ) таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо мақсади расидан ба ҳафадҳои гузошташуда баён доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”