Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Доналд Трамп: “Дар мусобиқаи UFC Кохи сафед 8-9 муҳорибаи чемпионӣ доир мешавад”
Президенти Амрико Доналд Трамп хабар дод, ки тибқи нақшаи пешакӣ дар мусобиқаи UFC Кохи сафед 8-9 муҳорибаи чемпионӣ баргузор мегардад.
“UFC болои муҳорибаҳо кор карда истодааст ва дар мусобиқае, ки дар назди Кохи сафед ташкил мешавад, 8-9 муҳорибаи чемпионӣ дар назар аст”, - гуфтааст Доналд Трамп.
Агарчи ҳоло UFC расман эълон накардааст, ки кадом муҳорибаҳоро ташкил мекунад, вале тибқи иттилои расонаҳо дар мусобиқаи мазкур рамзкороне ба майдон мебароянд, ки маъруфу сермухлисанд.
То ин дам чанде аз чемпионҳои UFC, аз ҷумла Ислом Махачев, Хамзат Чимаев, Илия Топурия ва дигарон ишора карданд, ки мехоҳанд дар мусобиқаи UFC Кохи сафед баромад кунанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин бор ташкилоти UFC дар назди Кохи сафед мусобиқаи махсус ташкил мекунад. Дар назар аст, ки мусобиқаи мазкур моҳи июни соли оянда доир шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”