Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Маош, нафақа ва стипендия зиёд мешавад. Аз кӣ ва чӣ қадар?
Имрӯз, 16-уми декабр Сарвари давлат зимни ироаи Паём гуфтанд, ки соли оянда маоши киҳо баланд карда мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки тибқи супориши Президенти кишвар аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25%, маоши дигар кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм фарҳанг, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, стипендия ё идрорпулиҳо ва музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбиён ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20% зиёд мегардад. Инчунин, музди ҳадди ақал дар кишвар 1300 сомонӣ мешавад.
Ҳамчунин, тибқи супориши Роҳбари давлат аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнативу иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба онҳо 15 фоиз зиёд хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”