Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Хадамоти алоқа барои таъмини баландсуръати интернет ба аҳолӣ вазифадор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои амалисозии иқдоми созанда дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ва дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии мамлакат лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Иттилоъ дода мешавад, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, ки барои бо интернети баландсуръат таъмин намудани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла таҷдиди хатҳои нахию нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ тадбирҳои фаврӣ андешад.
Ҳамчунин, Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Парламенти мамлакатро зарур аст барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқӣ ва гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯӣ намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”