Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боздошти зане, ки дар Душанбе фасодхона ташкил кардааст
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти зане хабар дод, ки хонаашро ба фасодхона табдил додааст.
Манбаъ менависад, ки Пирумқулова Насиба, соли таваллудаш 1984, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, барои ташкил намудани фасодхона дастгир карда шуд. Номбурда дар манзили истиқоматии худ барои истеъмоли воситаҳои нашъадор шароит фароҳам оварда, мунтазам шаҳрвандоне, ки ба истеъмоли маводи нашъадор майл доранд, дар он ҷо ҷамъ мешудаанд.
Гуфта мешавад, ки зимни чорабиниҳои оперативӣ ҳангоми ба истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи «Метамфетамин» машғул будан, шаҳрвандон Зубайдова Дилрабо, Асоев Умед, Содиқова Зебуниссо ва Пиров Довуд дастгир карда шуданд.
"Ҳангоми кофтуков аз манзили зисти Пирумқулова Н., асбобҳои барои истеъмоли воситаҳои нашъадор истифодашаванда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд", - гуфта мешавад дар хабарнома.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳоло дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 205 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”