Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Нигаронии Рустами Эмомалӣ аз зиёд истифода шудани сигорҳои электронӣ миёни шаҳрвандон
АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни сокинон, бахусус насли наврас изҳори нигаронӣ намудааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иброз доштааст, ки вақтҳои охир дар байни сокинони мамлакат, бахусус насли наврас ҳолатҳои истифодаи зиёди сигорҳои электронӣ ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси милли супориш дода шудааст, ки қонунгузории мамлакатро дар ин самт мавриди таҳлил қарор дода, оид ба манъи истифода, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
“Дар ин замина ба милитсияи пойтахт дастур дода шуд, ки аз шаҳрвандон, падарону модарон, фаъолони ҷомеа, масъулини мактабу маориф ва аҳли ҷомеа хоҳиш намояд, ки ҳар амалу рафтори наврасонро зери назорати доимӣ қарор диҳанд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”