Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Топурия: “Бармегардам, аммо намедонам кай”
Чанде пеш Илия Топурия, чемпиони UFC дар вазни сабук эълон карда буд, ки бо сабаби мушкилоти оилавӣ як муддат муҳориба намегузаронад. Дирӯз дар мусоҳибае доир ба баргаштанаш ибрози назар кард.
“Ман ба майдон бермегардам, вале ҳоло санаи дақиқеро номбар карда намедонам, зеро то замоне ки мушкилоти оилавиамро ҳал накунам, ба майдон баргашта наметавонам. Барои ман оила ва фарзандонам муҳимтаранд”, - гуфт чемпиони UFC.
Моҳи ҷорӣ Илия Топурия эълон кард, ки ҳадди ақал дар семоҳаи аввали соли 2026 муҳориба гузаронида наметавонад ва дар ин росто ташкилоти UFC муҳорибаи Ҷастин Гейҷи ва Пэдди Пимблеттро барои камарбанди муваққатӣ дар вазни сабук эълон кард, ки 25-уми январи соли оянда доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли ҷорӣ Илия Топурия ва Чарлз Оливейра барои камарбанди чемпионӣ дар вазни сабук муҳориба гузаронида буданд ва он ҷо Илия Топурия дар раунди якум ғолиб омада буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”