Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Солҳои охир шумораи гирифторони бемории сил коҳиш ёфтааст
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлилу баррасии вазъи бемории сил дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир гашт.
“Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва ташхису табобати бемории сил дар мамлакат ёдовар шуда, қайд кард, ки маҳз дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ давоми солҳои охир шумораи гирифторони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта истодааст”, - омадааст дар иттилоияи маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ.
Иттилоъ дода мешавад, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои ба миён гузошташуда оид ба паст кардани сатҳи беморшавӣ ва фавт аз бемории сил ва шаклҳои устувори сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини дастрасии ҳамагон ба хизматрасониҳои босифат оид ба пешгирӣ, табобат ва нигоҳубин дар самти ҳимоя аз бемории сил барои ҳар як шахс ҳоло “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” амалӣ гашта истодааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”