Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Рустам Ваҳҳобзода: “Агар мо як шабакаи телевизионии “Омӯзгор” дошта бошем...”
Пас аз ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Шоири халқии Тоҷикистон, раиси ҳакамони номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”-и озмуни мазкур Рустам Ваҳҳобзода дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” гуфтааст, ки агар дар кишвар як шабакаи телевизионӣ бо номи “Омӯзгор” дошта бошем, аз ҳар ҷиҳат хуб аст.
“Бисёр хуб мешуд, агар мо як шабакаи телевизионии “Омӯзгор” дошта бошем, ки саҳми муҳимме аз он махсуси барномаҳои марбут ба озмунҳои мутолиотии умумимиллӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бошад. Ба ғайр аз ин, ба воситаи барномаҳои муҷаҳҳази ин шабака бо ҷалби мутахассисони варзида метавон норасоии омӯзгорони баъзе аз фанҳоро дар минтақаҳои дурдаст ҷуброн кард”, - иброз доштааст Рустам Ваҳҳобзода.
Ҳамчунин, дар суҳбат Шоири халқии Тоҷикистон аз оне ки ду соли охир дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чор Шоҳҷоиза тақдим мегардад, изҳори хушнудӣ карда, афзудааст, ки ба роҳ мондани Шоҳҷоиза дар ҳар номинатсияи озмун, амалан дар ҳар номинатсия як ҷоизаи дигар ба вуҷуд овард ва гирандагони ҷоизаҳо зиёд шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”