27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
12.12.2025 08:27

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои даври чоруми имтиҳонҳоро эълон кард

11-уми декабр Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард.

Манбаъ меафзояд, ки маълумоти мухтасар дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб ба телефони мобилиаш дар шакли паёмак (SMS)-и ройгон фиристода шудааст.

“Агар дар паёмаки ба довталаб фиристода матни “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД.” дарҷ гардида бошад, пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Агар дар паёмаки ба довталаб фиристода матни “Ба озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД.” дарҷ гардида бошад, ин чунин маънӣ дорад, ки довталаб бинобар аз як ё якчанд субтести қисми А ё аз қисми В (агар чунин имтиҳонро супорида бошад) соҳиб нагардиданаш ба холи гузариш ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст”, - навиштааст ММТ.

Таъкид мегардад, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан маънои донишҷӯ шуданро надорад, балки довталабонро 22-юми декабр озмуни тақсимот интизор аст. Довталаб дар сурате донишҷӯ мешавад, ки аз рӯи яке аз ихтисосҳои интихобкардааш дар озмуни тақсимот комёб гардад.

Ҳамчунин, Маркази милии тестӣ иттилоъ медиҳад, ки қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар даври чоруми ИМД 2025 – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 11 ум то 13 уми декабр дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе), бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Марказ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт ба роҳ монда мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.