Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Google ва Apple барои осон кардани гузариш байни iPhone ва Android ҳамкорӣ мекунанд
Google ва Apple ба тавофуқе расиданд, ки равандҳои гузариш аз iPhone ба Android ва баръаксро сода кунанд. Тибқи ин иқдом, ду ширкат дар ҳоли таҳияи технологияе ҳастанд, ки имкони мубодилаи босуръат ва мустақими маълумотро байни дастгоҳҳо фароҳам меорад ва эҳтиёҷ ба барномаҳои тарафи сеюм, монанди Move to iOS ё Android Switch аз байн меравад.
Бар асоси механизми нав, тамосҳо, аксҳо, видеоҳо ва дигар маълумоти муҳим ба таври худкор интиқол меёбанд. Дастгоҳҳо бидуни воситаҳои иловагӣ, мустақиман дар сатҳи системаи амалиётӣ бо ҳам пайваст мешаванд.
Коршиносон мегӯянд, ки ин тағйирот метавонад посухе ба фишори афзояндаи танзимгарон бошад, ки таҳқиқ доранд, оё ширкатҳо корбаронро ба экосистемаҳои худ маҳдуд мекунанд ё не.
Механизми санҷиш аллакай дар смартфонҳои Pixel пайдо шудааст. Корбарони iPhone низ интизоранд, ки ин имконият дар версияҳои бетаи iOS 26 дастрас гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”