Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вохӯрии Раҳим Саидзода бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил мекунанд
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия таҳсил доранд, вохӯрӣ кард.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, зимни мулоқот Раҳим Саидзода иброз дошт, ки донишҷӯён ояндаи кишвар ва неруи илмӣ ва касбии он мебошанд. Баландии сатҳи дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён дар рушди иқтисод, илм ва соҳаи иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад.
“Вазир таъкид намуд, ки имкониятҳои таҳсили байналмилалӣ, ки донишҷӯён имрӯз истифода мебаранд, натиҷаи сиёсати ҳамоҳангшуда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия намунаи равшани ҳамкории стратегӣ ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду давлат – Тоҷикистону Россия мебошад”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар соли таҳсилии 2024-2025 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия 8 ҳазору 177 шаҳрванди Тоҷикистон қабул гардиданд. Дар маҷмуъ, дар Федератсияи Россия 27 ҳазору 490 донишҷӯи тоҷик таҳсил доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”