Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Ҳамзат Чимаев: “Пули зиёд кор кардан мехоҳам”
Чемпиони вазни миёнаи UFC Ҳамзат Чимаев дар бораи муҳорибаи навбатӣ, ҳарифони эҳтимолӣ ва интизориҳояш аз соли оянда гуфт.
Ҳамзат Чимаев нахуст иброз дошт, ки соли 2026 дар ташкилоти UFC се муҳориба гузаронидан мехоҳад.
“Ният дорам пас аз моҳи Рамазон ба майдон баргардам. Ҳоло рақибам маълум нест, вале эҳтимол аст, ки роҳбарияти UFC муҳориба бо Нассурдин Имавов ташкил мекунанд, зеро ӯ дар рӯйхати рамзкорони вазни миёна дар ҷойи якум қарор дорад. Ростӣ, ман бо ӯ муҳориба гузаронидан намехоҳам, зеро мо шинос ҳастему муддате тамрин карда будем, вале агар вай хоҳад, рад намекунам”.
Инчунин, чемпиони вазни миёнаи UFC Ҳамзат Чимаев ишора кард, ки бо рамкорони маъруф муҳориба гузаронидан мехоҳад: “Ман дар муҳориба бо рамзкороне, ки ҳоло дар вазни миёна ҳастанд, шояд 2-3 миллион доллар кор карда тавонам, аммо мехоҳам бо варзишгароне рақобат кунам, ки маъруф бошанд ва дар як муҳориба 5-6 миллион доллар ба даст орам”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад