27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
09.12.2025 13:19

Ифтитоҳи маҷозии ҶДММ "Бозори Турсунзода" дар шаҳри Турсунзода

Дар шаҳри Турсунзода ҶДММ "Бозори Турсунзода"-ро, ки иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ба таври фосилавӣ, имрӯз 9 декабри соли 2025 муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуданд.


12 бино бо тарҳи милливу муосир ва 10 соябон дар масоҳати умумии 14 гектар замини бекорхобида ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд гардидааст.
Дар асоси нишондоди лоиҳавӣ "Бозори Турсунзода" аз ду марҳилаи сохтмон иборат буда, марҳилаи аввал бо 1500 нуқтаи савдо ва ду таваққуфгоҳ ифтитоҳ гардид.
Ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи якуми Бозори Турсунзода зиёда аз 1670 сокини шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Барои дар муҳлати муайян сохта, ба истифода додани марҳилаи дуюми бозор корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ бо ҷалби 170 сокини маҳаллӣ идома дорад.


Бунёди 20 сардхона бо ғунҷоиши садҳо тонна меваю сабзавот, 26 дорухона, ошхона, нуқтаҳои таъмир ва шустушӯи нақлиёт ва дигар шаклҳои хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон ба тарҳи лоиҳаи марҳилаи дуюми бозор ворид шуда, пас аз анҷоми корҳои ободонӣ шумораи ҷойҳои доимии корӣ ба 2670 кас хоҳад расид.
Ҳоло дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бозори Турсунзода" марказҳои муосири фурӯши сару либос, хӯрокворӣ, меваю сабзавот, молҳои рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ, нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, ширкатҳои мобилӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва дигар хадамот фаъолият менамояд. Сардхонаҳои бозор, ки дар шафати роҳи оҳан бунёд шудааст, барои саривақт дастрас намудани ҳама гуна молу маҳсулот ва содироти он ба кишварҳои хориҷ мусоидат менамояд.


Дар дохили бозор меҳмонхона бо 120 ҷойи хоб сохта шудааст. Ҳуҷраҳо дорои рахтҳои бароҳати хоб ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.
Тавре аён гардид, дар бозор аз панелҳои офтобӣ васеъ истифода менамоянд, ки мутобиқ ба шароити имрӯза дар соҳаи энергетикаи кишвар ва ҳам роҳи гузариш ба энергияи “сабз” мебошад.


Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи молу маҳсулоти фурӯшандаҳо аз ҳодисаҳои сӯхтор Бозори Турсунзода бо нақлиёти махсус таъмин карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро барои бунёди иншооти муҳташами муосир, ки дар маҷмуъ ба таъсиси наздик ба 3000 ҷойи нави корӣ замина мегузорад, нишони ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон арзёбӣ намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.