Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Водии Ҳисор: Ифтитоҳи бино ва тақдими хонаҳои истиқоматии хизматӣ ба кормандони Раёсати минтақавии АНДММК
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода дар маркази шаҳр бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд.
Бино аз 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ барои пешбурди ҳаёти солим, хонаҳои истиқоматии хизматии дуҳуҷрагӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Бинои мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони Агентӣ бунёд шудааст.
Зимни суҳбат бо масъулин ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти фаъолият, таъмини амнияти иқтисодӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, назорати риояи қонуният, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ба се оилаи ҷавони кормандони агентии мазкур калиди хонаҳои истиқоматии дуҳуҷрагии муҷаҳҳазро тақдим намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”