Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Милитсияи пойтахт ду полиси сохтаро дастгир кард
Мақомоти милитсияи пойтахт хабар медиҳад, ки дар натиҷаи санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ, шаҳрвандон Шарифзода Абдуҷаббор ва Ҷурахонов Ҷумахон дастгир карда шуданд.
Ба навиштаи манбаъ, шаҳрвандон Шарифзода Абдуҷаббор ва Ҷурахонов Ҷумахон бо пушидани либоси низомӣ худро ҳамчун корманди бозрасӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағҳои гуногун талаб карда, гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба гумонбарон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Ҳамзамон, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навиштааст, ки агар касе мавриди фиреби ин ду нафар қарор гирифта бошад, ба милитсияи пойтахт муроҷиат намояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”