Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Туркия дар амалиёти густурда 233 нафарро бо гумони иртибот бо ДОИШ боздошт кард
Вазорати корҳои дохилии Туркия аз боздошти 233 нафар бо гумони иртибот ва маблағгузории гурӯҳи террористии ДОИШ хабар дод. Ба иттилои Алӣ Ерлиқоя, вазири корҳои дохилӣ, ин амалиёт давоми ду ҳафта дар 33 шаҳри кишвар, аз ҷумла Анқара, Анталия, Истанбул, Самсун ва Шанлиурфа анҷом шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти турк, аз шумори боздоштшудагон 51 нафар ба зиндон интиқол ёфта, барои 24 нафари дигар назорати додгоҳӣ муқаррар шудааст. Баррасии парвандаҳои боқимонда идома дорад.
Ерлиқоя дар паёме дар шабакаи иҷтимоии «Х» навиштааст, ки амалиёт бо ҳамоҳангии Идораи кулли иттилооти пулис, Идораи мубориза бо терроризм ва Созмони миллии иттилооти Туркия (МИТ) роҳандозӣ шуд.
Мақомот мегӯянд, гумонбарон ба узвият дар ДОИШ ва таъмини молии ин гурӯҳ айбдор мешаванд.
Дар моҳҳои охир Туркия муборизаи худро алайҳи гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла ДОИШ пурзӯр кардааст. Танҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ нерӯҳои амниятии Туркия 150 нафарро бо гумони узвият дар ин гурӯҳ боздошт намуда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”