Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ироқчӣ бо Алиев масоили минтақаро баррасӣ кард
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ субҳи имрӯз дар шаҳри Боку мулоқот намуда, доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни мулоқот паёми хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиёнро ба Илҳом Алиев расонд ва бо ишора ба робитаҳои амиқ ва таърихии ду халқ таъкид кард, ки Эрон барои тақвият ва густариши ҳамкориҳо бо Озарбойҷон дар ҳама бахшҳои дорои манфиати муштарак омода аст.
Сайид Аббос Ироқчӣ бо таъкид ба аҳамияти муносибатҳои дарозмуддати ҳамсоягӣ, нақши машваратҳои доимии дипломатиро дар коҳиши ҳар гуна нофаҳмиҳо ва идора намудани масъалаҳои вуҷуддошта муҳим хонд.
Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон паёми ҷавобии худро ба Президент Масъуд Пизишкиён ироа кард. Ӯ аз фазои мусбати рушди робитаҳои дуҷониба истиқбол намуд ва омодагии кишварашро барои истифодаи ҳама имкониятҳо дар самти густариши ҳамкорӣ таъкид кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”