Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
UFC 323: Чемпиони нав ва шикасти размкори тоҷик
Дирӯз, 7-уми декабр дар Лас-Вегас мусобиқаи UFC 323 доир гашт, ки дар он варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов низ ба майдон баромад.
Муҳаммад Наимов бо Майрон Сантос қувваозмоӣ карда, дар даври сеюм тариқи накаути техникӣ мағлуб гардид. Аввалин маротиба варзишгари тоҷик ба ин тарз шикаст хурд.
Бо вуҷуди шикаст, Муҳаммад Наимов аз рақибаш пули зиёд кор кард. Варзишгари тоҷик 77 ҳазору 200 доллар ба даст овард. Майрон Сантос бошад, 44 ҳазору 800 доллар кор кард.
Муҳорибаи асосии мусобиқаи UFC 323 миёни чемпион Мераб Двалишвили ва довталаб Пётр Ян барои камарбанди чемпионӣ дар вазни то 61 кило доир гашт. Муҳорибаи мазкур панҷ раунд идома ёфта, Пётр Ян бо қарори якдилонаи доварон ғалаба карда, чемпиони нави UFC гардид.
Ёдовар мешавем, ки собиқ чемпиони UFC Мераб Двалишвили дар соли равон чор муҳорибаи унвонӣ гузаронида, дар сетои аввал ғолиб омада буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”