27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
06.12.2025 10:26

Дар Маскав ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд

Дар шаҳри Маскав нишасти 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

Рӯзи 5-уми декабр дар шаҳри Маскав таҳти раёсати мувини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Холиқзода нишасти 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир гашт.

Бар асоси иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия нишаст бо ширкати ҳайатҳои кишварҳои узв дар формати маҳдуд ва васеъ сурат гирифт.

Дар ҷараёни нишаст роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории иқтисодии кишварҳои узви ИДМ мубодилаи афкор анҷом дода, дигар масъалаҳои муҳимми рушди ҳамгироии минтақавиро баррасӣ карданд.

Тибқи баҳсу музокирот, ҷонибҳо 17 масъалаи калидиро, ки ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт ва дигар бахшҳо равон шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои марбутаро имзо карданд.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2025 раиси Шурои иқтисодии ИДМ буд ва ин раёсат бо натиҷаҳои мусбат ва ташаббусҳои созанда муваффақона амалӣ гардид.

Бояд гуфт, ки дар соли 2026, раёсат дар ин сохтор аз Тоҷикистон ба Туркманистон мегузарад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.