Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Чор бохт. Шоми нобарор барои варзишгарони тоҷик
Шоми гузашта мусобиқаи AСА 197 дар Маскав доир гашт, ки барои варзишгарони тоҷик нобарор шуд.
Дар мусобиқаи мазкур чор размкори тоҷик ба майдон баромаданд ва ҳамаашон мағлуб гардиданд.
Фаридун Одилов бо қарори якдилонаи доварон аз Элмар Гасанов шикаст хурд. Муборакшо Муборакшоевро Даурен Ермеков мағлуб кард. Искандар Мамадалиев бо нокаути техникӣ аз Винисиус Круз ба бохт дучор омад ва Ҳафиз Сакибеков бинобар зарбаи ғайрикасбӣ ва аз қоида берун задан аз идомаи рақобат маҳрум гардида, доварон ғалабаро ба Висенте Варгас доданд.
Ёдовар мешавем, ки Фаридун Одилов барои ба даст овардани муҳорибаи чемпионӣ дар вазни нимвазнин наздик буд ва интизор мерафт, ки дар сурати ғалаба кардан, муҳорибаи навбатиаш барои камарбанд мешавад, вале аз сабабе, ки ба бохт рӯ ба рӯ шуд, ҳоло чизе маълум нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”