Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Магистратура дар Ҷопон. Киҳо дар барномаи JISPA иштирок карда метавонанд?
Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Барномаи кумаки таҳсилоти магистратураи JISPA (Japan-IMF Scholarship Program for Asia) барои соли таҳсили 2025–2026 оғоз гардид.
Ба навиштаи манбаъ, барномаи JISPA аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор (IMF) дастгирӣ карда шуда, ба кормандони ҷавони мақомоти давлатӣ, идораҳои молиявию иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба идоракунии давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар доираи барномаи JISPA ба довталабони қабулшуда имконоти зиёд дода мешавад, аз ҷумла маблағгузории пурраи таҳсил, пардохти саҳми зист ва ҳаққи хобгоҳ, пардохти ҳаҷми муайяни стипендияи моҳона, чиптаи парвоз, имконияти иштирок дар курсҳои махсуси омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзиҳои амалии иқтисодию молиявӣ.
Манбаъ меафзояд, ки доштани таҳсилоти олии касбӣ, таҷрибаи корӣ дар сохторҳои давлатӣ ё муассисаҳои иқтисодиву молиявӣ ва донистани забони англисӣ (IELTS/TOEFL) аз ҷумлаи талаботи барномаи мазкур мебошад.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 10-уми декабри соли равон идома мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”