Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Такроран нархро баланд карданд. Аз 2 то 5 шабонарӯз ҳабси чор гӯштфурӯш дар Душанбе
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошту ҳабси чор гӯштфурӯш хабар дод, ки такроран нархи маҳсулоташонро баланд кардаанд.
Манбаъ меафзояд, ки Нуриддин Ҳоҷизода, Далер Ярашев, Мунавваршо Аюбов ва Ҷӯрабек Мусаммиров қаблан барои гарон фурӯхтани гӯшт ҷарима шуда буданд, вале зимни санҷишҳои иловагӣ муайян гардид, ки онҳо боз нархро худсарона баланд намудаанд.
Ҳамин тавр, додгоҳ бар асоси моддаи 479 КҲМ (итоат накардан ба пулис) нисбат ба онҳо аз 2 то 5 шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ таъин кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш аз ҷониби шаҳри Раёсати ВКД дар Душанбе ва Прокуратура бо мақсади ба танзим овардани нархи маҳсулоти хурокворӣ, махсусан маҳсулоти гуштӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар бозорҳои "Меҳргон", "Фаровон", "Саховат", "Ховарон" ва дӯкону марказҳои савдои хурду бузурги пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом ёфт, ки дар рӯзи аввали он беш аз 40 далели аз меъёри муқарраргардида гарон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гуштӣ ошкор карда шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”