27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
05.12.2025 07:32

Даҳ довталаби беҳтарини сол муайян ва қадрдонӣ шуданд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли равонро муайян кард.

Иттилоъ дода мешавад, ки Маркази миллии тестӣ барои дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо ҳар сол даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД, ки аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардаашон дар ҷойи аввал қарор мегиранд ва тибқи рейтинги ҳамгиро (интегралӣ) аз ҳамаи субтестҳо дар имтиҳонҳои номбурда мақоми болотаринро соҳиб мешаванд, муайян ва қадр менамояд.

Ҳамин тавр, беҳтарин довталабони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 инҳо мебошанд:

  1. Мадуллоев Абубакр Толибҷонович, хатмкардаи гимназияи № 1, ноҳияи Сино, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ихтисоси 140010108 – “Муҳандисии барномавӣ”.
  2. Раҳимов Дилшодҷон Бобоҷонович, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33, ноҳияи Б. Ғафуров, донишҷӯи курси 1-уми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ихтисоси 1400101 – “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”.
  3. Деҳқонова Зебунисо Ҷаҳонгировна, хатмкардаи литсейи № 2 барои хонандагони болаёқат, ноҳияи Сино, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1260201 – “Бизнес-маъмуриятчигӣ”.
  4. Назарова Шукрона Раҳматуллоевна, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 37, ноҳияи Сино, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1250103 – “Иқтисоди ҷаҳонӣ”.
  5. Газиева Мадина Баҳодуровна, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-гимназияи № 74, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 123010203 – “Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-англисӣ)”.
  6. Файззода Омина Алишер, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 77, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, ихтисоси 450302 – “Лингвистика”.
  7. Мирзомаҳмадиев Аҳлиддин Абдуаҳадович, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1240102 – “Ҳуқуқшиносӣ”.
  8. Абдуева Мавҷуда Абдусаломовна, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси 1240102 – “Ҳуқуқшиносӣ”.
  9. Раҳимзода Аҳмад Шодиали, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-гимназияи № 74, ноҳияи Фирдавсӣ, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”.
  10. Ҳамидиён Ҳалимҷони Комронӣ, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36, ноҳияи Шоҳмансур, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.