27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
04.12.2025 13:17

Чор Шоҳҷоиза. Ғолибони бонуфузтарин озмуни китобхонӣ дар кишвар маълум шуданд

Имрӯз, 4-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти озмуни мазкур чор довталаб соҳиби Шоҳҷоиза шуданд:

  1. Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ»;
  2. Анушервон Раҳимов, донишҷӯйи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Данғара дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик»;
  3. Умеда Шарифова, хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Мастчоҳ дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик»;
  4. Фариса Холиқова, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон».

Ба ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандагони Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Гуфта мешавад, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад ва дар ин муддат дар он 1 миллиону 153 ҳазору 616 нафар иштирок намуданд.

 Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.