Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе лоиҳаи инноватсионии “QR-роҳнамо” таҳия мегардад
Тавре ки шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таъмини дастрасии шаҳрвандон ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба иттилооти боэътимод дар бораи маконҳои таърихию фарҳангӣ дар пойтахти мамлакат лоиҳаи инноватсионии “QR-роҳнамо” таҳия ва амалӣ карда мешавад.
Иттилоъ дода мешавад, ки лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, ба сокинон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон медиҳад, ки тавассути “скан” намудани рамзҳои QR дар бораи 45 иншооти таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли матнӣ ва аудиоӣ маълумоти муфассалро дастрас намоянд.
Гуфта мешавад, ки аломатҳои “QR-роҳнамо” аз санги мармар омода шуда, дар назди ҳар иншоот насб мегарданд. Маълумоти муфассал оид ба ҳар мавзеъ дар портали расмии сайёҳии шаҳри Душанбе “Dushanbe Travel” ҷойгир карда шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе минбаъд низ барои насби “QR-роҳнамо” дар назди бинову иншооти сайёҳӣ ва маконҳои таърихию фарҳангии дигар тадбир андешида мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”