Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар кишвар 170 ҳазору 508 шахси дорои маъюбият мебошад
Имрӯз, 3-юми декабр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон чорабинии идона доир гашт.
Ба навиштаи маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ, дар чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, роҳбарону масъулини муассисаҳои соҳавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикон рушд ширкат варзиданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар чорабинӣ таъкид гашт, ки шахсони дорои маъюбият узви комилҳуқуқи ҷомеаи демократии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ҳоло теъдоди умумии шахсони дорои маъюбият дар кишвар 170 ҳазору 508 нафар буда, аз ин шумора 34 ҳазору 943 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар маҷмуъ 29 ҳазору 942 нафар ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ фаро гирифтаанд, ки 8573 нафарашон кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошанд.
"Қайд кардан ба маврид аст, ки шахсони дорои маъюбият ба ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар фаро гирифта шудаанд. Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” шахсони дорои маъюбият ба таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ, миёна ва олии касбӣ фаро гирифта шуда, аз пардохтҳои коммуналӣ ба ҳадди 50 фоиз озоданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”